ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №56

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгириҳои асотсиатсияи падару модарон дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии хонаи омузгорон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 бомаром идома дорад.  Корҳои сохтмонии дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” бо ҷалби сокинон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ ба роҳ мондашуда мақсад доранд, ки дар ин кори созанда кумаки худро расонанд. Барои дар сатҳи зарури анҷом додани корҳо масолеҳи сохтмони омода мебошад. Дар кори сохтмон мутахассисони маҳалӣ ҷалб карда шудаанд. 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор