АМАЛИЁТИ МАКТАБИ МАН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ №64

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №64 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти “Мактаби ман” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор карда шуд.Дар баргузории ин чорабини зиёда аз 11- нафар хатумкунандагони сину соли гуногун ҷамъ омада оид ба масъалаю камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаи таълими суханронӣ намуданд. Дар мулоқот миёни хатмкунандагон нутқ рафт, ки ҳар кадоми мо ин даргоҳи илмро хатм намуда ба камоли инсонӣ расидаем. Аз ин рӯ шоиста аст, ки дар самти бунёдкорӣ намудани ин даргоҳи муқаддас саҳми худро гузорем. Чунки мактаб солҳост, ки фаъолият менамояд, ниёз ба таъмири ҷорӣ, шишабандӣ, таъмини лавозимоти варзишӣ, харидории тахтаҳои синфӣ, мизу курси ва дигар хизматрасониҳо дорад.      

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор