АМАЛИЁТИ МУШТАРАК АМАЛИ ШУДА ИСТОДААСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон соати сиёсӣ дар мавзӯи “Забон ҳастии миллат” баргузор гардид.Нотиқон бо маърӯзаи пурмазмуни худ дар назди хонандагон баромад намуда иброз доштанд, ки забони ҳар қавму миллат мояи ифтихор ва саодати ҳуввияти ӯст, зеро маҳз забон аст, ки аз мавҷудияти ин ё он миллат башорат медиҳад ва ҳастии миллатро ба дуриҳои дур мебарад. Аз ин дидгоҳ ифтихори тоҷикон аст, ки забоне бо номи «тоҷикӣ» доранд, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ҳастии мо паём мерасонад, балки аз бонуфузтарин минбарҳои ҷаҳон, чун Созмони Милали Муттаҳид садо дода, пайғоми моро ба банӣ башар мерасонад.Забони тоҷикӣ таърихи дуру дарозеро паси сар намуда, тӯли мавҷудияташ бо вуҷуди вазъи номусоиду ногувори таърих худро ҳифз намуда, риштаи ҳастии миллатро то ба имрӯз расонидааст. Ба таъбири дигар, забон натанҳо ҳастии ҳар миллатро таъмин менамояд, балки таъриху тақдири онро низ дар хотираи худ маҳфуз медорад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки: «танҳо забон аст, ки дар ҳамаи давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор