АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ҲХДТ ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМАЛИ ШУДА ИСТОДААСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 28 – октябри соли равон дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”, соати сиёсӣ дар мавзӯи “Табияи ватандустии миёни ҷавонон” баргузор гардид.Директори муассисаи мазкур Сайдалиев Қурбоналӣ бо маърӯзаи пурмазмуни худ дар назди хонандагон баромад намуда иброз доштанд, ки дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозӯи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Аммо, ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ватану миллат ва сарзамини аҷдодӣ, шарафу нангу номуси ватандорӣ барояшон арзише надорад. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ - дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Маҳз ҳамин гуна тадбирҳо, яъне ба меҳнати муфид ҷалб намудани ҷавонон, бо ташкили вохӯриҳо бо собиқадороне, ки солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар ҳифзу нигаҳдории марзу буми муқаддаси диёр хизмат намудаанд, дар қалби ҷавонон муҳаббат ба Ватани азизи хешро бедор намудан лозим аст. Чунки ин эҳсосро ба сӯйи созандагиҳо равона намудан, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати муқаддаси мо соҳибватанон мебошад.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор