ДАРСИ ПАНДУ ҲИКМАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 – октябри соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор карда шуд.Дар соати сиёсӣ намояндаи кумитаи иҷроия дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, иброз доштанд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиши таърихи мебошад, ки дар пасманзари он Тоҷикситон хонаи умеди тамоми тоҷикистониёни олам ва каъбаи умеди ин миллат гардидааст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор