ДАР АМАЛ ТАДБИҚ НАМУДАНИ ТАШАБУСҲОИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиккистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Фархор бо дастгирии Асотсиятсияи падару модарон ва шахсони саховатманди деҳа дар доираи амалиёти “Мактаби ман” дар деҳаи Куҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватан корҳои сохтмонии хонаи омӯзгорон оғоз гардид.  Барои анҷом додани ин корҳо ҳамаи шароитҳо муҳаё гардонида шудааст. Сохтмончиён мақсад доранд, ки то саршавии фасли сармо сохтмони мазкурро ба анҷом расонанд.  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор