ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №12

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Назирӣ Зариф дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо маром идома дорад. Муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст ва ҳамзамон барои анҷом додани корҳои сохмонӣ тамоми шароит мусоид карда шуда сохтмончиён бо хуроки гарм таъмин мебошанд.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фархор