СОХТМОНИ АНБОР ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №2

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Назирӣ Зариф дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар Литсейи давлатии №2-и ноҳия корҳои сохтмони анбор барои нигоҳдории ангишт идома дорад. Корҳои ободони бо дастгирии асотсиатсияи падару модарони ва шахсони саховатманди деҳа дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маоириф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” амали шуда истодаанд. Масъулини нақша доранд, ки анбори мазкурро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд..

 

Кумитаи иҷроияи ҲХД

дар ноҳияи Фархор