ВАТАН ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ!

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки намояндагони мақомотҳои милитсияи ноҳияи Фархор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 вохӯрии судманд доир гардид. Сароғоз нозири минтақавӣ роҷеъ ба масоили ҳимояи марзу буми Ватан, якпорчагии сарзамин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, хизмати содиқона ба модар Ватан, ҷалб ва хизмати ҷавонон дар сафҳои артиши миллӣ, тарбияи ватанпарасии ҷавонон, ҳидоят дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ ҳарф зад.  Зикр шуд, ки вазъияти сиёсии ҷаҳон торафт мураккаб ва печида мегардад. Моро зрур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёриву садоқати хешро  тақвият бахшида, Истиқлолияти давдатӣ, Ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ, тарғиби деологияи миллӣ, иродаи сиёсии мардумро беш аз ҳар вақти дигар устувор гардонем.  Таъкид рафт, ки ҳифзи сарҳади далатӣ, хизмат дар ин сангари номус рисолат ва фарзи имонию виҷдонии ҳар ҷавонмарди Ватан мебошад.