МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КАММУНАДЕҲА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади иҷрои дастурур супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санани 12 октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каммунадеҳа” мулоқот баргузор намуданд.Масъулин зимни суханронӣ оид ба масъалаи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда иброз доштанд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд. Хушбахтона, зиёда аз як даҳсола аст, ки дар Тоҷикистон баҳри танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мавриди амал қарор дорад ва он дар ҳаёти мардуми тоҷик тағйироти куллиеро ба вуҷуд оварда, сокинонро аз чанголи исрофу хурофот раҳонид. Даҳсолаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистонро баҳри сарфаву сариштакорӣ ҳангоми баргу­зории маросимҳои хурсандиву азодорӣ ҳидоят намуда, имконият фароҳам омад, то мардум ҳамнабзи замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоистаро муҳайё созад. То ҷое аён аст, ҳадаф аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ агар аз як ҷониб танзими рӯзгори омма бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари миллатсозӣ сарҷамъ на­мудани мардум аст. Чун ҷаҳон пур аз таззод аст, дар ҳар рӯзу соат як забону миллате маҳв мегардад. Дар ин баробар сари масъалаи миллатсозӣ нек андеша бояд кард. Агар ба таҳқиқ сари ин масъала кор биги­рем, ҳаминро дархоҳем ёфт, ки фалсафа ё ҳикмат аз чунин тасмимгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии киш­вар ва Парлумони мамлакат ба ҳам овардан ва зери як фарҳангу расму оин муттаҳид сохтани ҷомеа мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯз нақши бориз хоҳад дошт.