РАВАНДИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ, гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои мамнуъӣ ғайриҳанафӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мулоқот баргузор гардид.Ҳангоми вохури таъкид рафт, ки ҷавонон дар вақти таътили тобистона ба гуруҳҳои маърифатӣ ва тарбиявии китобхонаҳои ноҳия ҳамкорӣ намуда, асарҳои бадеии тарбиявиро бештар мутолиа намоянд. Ин раванд дар давоми таътили тобистона бобати пешгирии гароиш ба падидаҳои номатлуб мусоидат менамояд. Мусаллам аст, ки аксар ҷаононе, ки ба гуруҳҳои иртиҷои шомил мешаванд ва ё ба доми фиреби хурофотпарпстон афтида худ ва дигаронро бадном менамоянд, гуруҳе мебошанд, ки камсавод, камфаҳм ва бекораву оворагард мебошанд.Омузгонон низ иброз доштанд, ки давоми соли хониш маҳфилҳои наздимактабӣ фаъол буда, ҷавонон метавонанд бо дустону ҳамсабақони худ иштирок намоянд.