АМАЛИЁТИ "МАКТАБИ МАН" АМАЛӢ МЕШАВАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо корбарии бевоситаи Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 Раҳимзода Сайҳомид дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкили низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилояти Хотлон ва амали намудани амалиёти “Мактаби ман” корҳои сохтмони иншооти гигиенӣ оғоз карда шуд. Иншооти мазкур бо ҷалби асотсиатсияи падарону модарон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни мактаби мазкур сохта шуда истодааст. Ийни замон корҳо дар зербинои иншоот рафта истодааст.