МУЛОҚОТ БО АҲОЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 12 октябри соли ҷорӣ мулоқоти ҳизбиёни ноҳияи Фархор бо сокинони кӯчаи А. Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Фархор дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир карда шуд.Саравал котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назару андешаҳои худро баён намуданд.Сипас зимни суханронӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оиди сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақоми ҳомиёни Ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии ҷумҳурӣ, рӯз ба рӯз беҳ шудани вазъи хизмати сарбозон, сухан роннда, эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки ҷавонони имрӯз бо ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан-модар сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд.Зикр карданд, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум, ва сулҳу суботи мамлакат дар ҳама давру замон артиш буд ва то абад мемонад.Хизмат дар сафи артиш ҳимоя аз марзу буми Ватан- модар низ ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буд ва ин рисолат то абад мемонад. Аз таърих ва достонҳои гузаштагон, ки то мо омада расидааст  ба сафи артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоаъттарин мардон хоста гирифта мешуд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми ориёи соҳиби таърихи кӯҳан дорои сипоҳи бо низому машқдида буда, худро аз душман далерона дифо мекард.