БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуоии Тооҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва заҳира намудани маводи хурока барои ду сол корҳои тарғиботиро бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳия идома доданд.

Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ масъулин асосан оиди самаранок истифода бурдани заминҳо, сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.