ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА БО ИШТИРОКИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо маҳсуб меёбад. Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар бораи баргузории корҳои ободонӣ дар назди биноҳои корӣ ва ҷойҳои вобастшуда бо ташкили маъракаҳои ҳашар - шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидани атроф. Нимаи дуюми рузи 10 октябри соли ҷорӣ масъулини муассисаи таълимии  №53 - и ноҳия  корҳои  тозаву озода намудани шоҳроҳ доир гардид. Бояд қайд намуд, ки устодон ва хонандагони муассисаи мазкур бо руҳияи баланди ватандӯстӣ  барои ба тартиб даровардан ва  тозаву  озода  намудани  шоҳро ва гузаргоҳҳо  дастаҷамъона заҳмат кашиданд.