ИДОМАИ ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси Муассисаҳои таълимии ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории ҳашару шанбегиҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳия бо иштироки масъулини мактабҳои №12 ва 57 –и ноҳия дар фурудгоҳи ноҳия ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд. Дар ин ҳашар зиёда аз 50 нафар хонандагону омузгорони муассисаҳои болозикр иштирок намуда ба тоза кардани гирду атрофи фуррудгоҳ аз алафҳои бегона ва ҳар гуна партовҳои полиетеленӣ, тоза намудани новаҳои обгузар, нарм намудани бехи дарахтон ва сафед намудани онҳо камари ҳиммат бастад.