МУЛОҚОТ БО САРҲАДБОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Нимаи дуюми рӯзи 10 октиябри соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад дар асоси нақша ҷорабиниҳои Кумитаи иҷроия бо сарҳадбонони Дидбонгоҳи №7- и ноҳия дар мавзуи “Терроризм ва хатари он ба давлату миллат” баргузор карда шуд.Вализода Муҳаммад зимни суханрони қайд карданд, ки терроризм дар ҳаёти инсоният мафҳуми нав набуда, он  аз давраҳои пеш миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷамъият барои ба даст овардани мансаб, давлат ва тарсонидани аҳолӣ пайдо шудааст. Имрӯзҳо ин мафҳум яке аз масъалаҳои муҳими на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳон низ ба ҳисоб меравад. Агар ин мафҳумро аз нуқтаи назари илми ҳуқуқӣ гӯем ин “Содир намудани амалҳои ба монанди хатари марг ба инсоният, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз менамояд: “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.  Албатта, ин суханҳои Пешвои миллат дуруст буда, мо ҷавононро водор месозад, ки донишҳои мукаммал, зиракии сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллатро   ҳифз намоем.Мо, имрӯзҳо дида метавонем, ки бархе аз ҷавонони гумроҳ ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда, ба давлату миллат санги маломат зада бори гаронро ба миён меоранд. Сабаби ба ин роҳ пайваст шудани ҷавонон ин надоштани саводи кофӣ, бохабар набудан аз таърих ва фарҳанги миллати хеш, паст будани шароити зиндагӣ ва дигар омилҳо ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик шукрона аз он дорем, ки дар чунин ватани тинҷу ором ва фазои осоиштагӣ  зиндагӣ дорем. Пешвои миллат  дар ҳамаи суханрониҳояшон такя ба ҷавонон менамоянд, чунки ҷавонон ояндасози давлату миллати хеш арзёбӣ  гаштаанд. Хушбахтона мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки соҳиби қонунҳои ягона аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  қонуни дигари тозанашр, ки санаи 22 декабри соли сипаригашта мавриди амал қарор гирифт ин  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” мебошад. Маҳз ҳамин қонунҳо боис мегарданд, ки ҷавононро аз роҳи гумроҳшавӣ ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳо аз қабили терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ наҷот мебахшад.