ОЗМУНИ “РУШДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар доираи барномаи “Рушди гизои мактаби” озмуни омода намудани хурокҳои миллӣ миёни толибаҳои синфҳои болоии муассисаи мазкур баргузор карда шуд.Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта,   дар тӯли ҳазорсолаҳо  дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Анъанаи ошпазӣ ё  ғизопазии миллатамон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус  аз лиҳози усули омода намудан, истифодаи навъҳои гуногуни  маҳсулот ба таомҳои ӯзбекон наздикӣ дорад.  Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги таомҳои миллиамон  ҷузъе аз анъанаи фарҳанги  меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. Дар озмуни мазкур духтарон ҳунару маҳорати худро дар омода намудани хурокҳои миллӣ ва ҳар гуна хуришҳо ба ҳакамон нишон доданд. Чунин озмуҳо барои омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона айни мудао мебошанд.