ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳудуди ноҳия дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамзамон бо дастгирии Ҳукмати мамлакат бунёду азнавсозии синфхонаҳои иловаги бо маром ҷараён доранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардидааст. Дар доираи нақшаи сохтмони дар назди муассисаи мазкур чор синфхонаи иловаги дар ду ошёна сохта ба истифода дода мешавад шавад. Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии макони сохтмон ҷараён доранд.