БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 06.10.2023 бо мақсади тозаву озода намудани маҳали зист ва гирду атрофи коргоҳ бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фархор дар назди биноҳои маъмурӣ ва шоҳроҳи ноҳия шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Дар ин рӯз масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аъзоёни фаъоли ҳизбӣ барои тоза намудани гирду атрофи мактаб аз алафҳои бегона, нарм кардани бехҳои дарахтон ва сафед намудани онҳо камари ҳимат бастанд. Дар ҳашар зиёда аз 50 нафар хонандагон ва омӯзгорони онҳо иштирок намуданд. Минбаъд корҳои чунин корҳои ободониб созандагӣ идома дода мешавад, ки баҳри тозагию ободонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.