КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 бахшида ба Рӯзи забон Конференсияи умумимактабӣ баргузор карда шуд. Дар кори Конференсия Директори муассиса, омӯзгорон ва хонандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.Нотиқон андешаҳои пурмазмуни худро оид ба Рӯзи забони давлатӣ қироат намуданд. Ҳамзамон Директори муассиса Сайдаҳмадов Насим дар баромадашон қайд карданд, ки вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони ӯзбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, аксарияти он қарору қонунҳое, ки Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд.Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳими нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳиму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд.Албатта, дар ҳамон давра, дар ҳамон замон қабули Қонуни забон як қадам ба пеш барои ҷомеаи мо буд. Мардуми Тоҷикистон ба як шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, ба ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим Бунёди забон таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил гардид. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли 1992 ва нисбатан ором гарифтани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи тақвияти масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, ҳамасола вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар соли 1994 қарори Шӯрои Олӣ дар бораи гузаронидани ҷашни забон дар шароити фавқулода ба имзо расид. Дар идома дигар устодону хонандагон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд