ИДИ РӮЗИ ЗАБОН БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар Муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бо иштироки омӯзгорону хонандагон ҷорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Директори муассиса суханрони намуда, иброз доштанд, ки баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони давлатии мо дар ҷомеа беш аз пеш нақши ҳалкунанда мебозад. Пеш аз ҳама, вақте ки як давлат ба Истиқлолият мерасад, бештар ба анъанаҳову сарчашмаҳои бунёдии давлатсозии худ муроҷиат мекунад ва бинобар ҳамин беасос набуд, ки забони тоҷикии мо — забони модарии мо ҳам, баъд аз ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи бисёр бунёдӣ пайдо кард ва дар баробари забони русӣ, ки қаблан забони расмии мо буд ва дар даврони истиқлолият ҳам мувофиқи Қонуни асосӣ забони муоширати байни миллатҳо мебошад, нақши худро хеле боло бурда, ҷои ҳуқуқии худро дар ҷомеа пайдо кард. Тавре ки мову шумо медонем, имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар соли 2009 панҷуми октябр қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст. Ҳангоми тарҳрезӣ ва баррасии ин қонун меъёрҳои байналмилалии истифодаи забонҳои мухталифи ҷаҳон дар назар гирифта шудааст ва дар Тоҷикистон як сиёсати бисёр пайгиронаи забонӣ вобаста ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад. Дар фарҷор аз тарафи хонандагон баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи консертӣ бо сароидани суруҳои ватандустона намоиш дода шуд.