ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватандор” бо иштироки намояндаи кумитаи иҷроия соати сиёсӣ дар мавзӯи болозикр баргузор гардид.Зимни суханронӣ нотиқ иброз дошт, ки таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст. 22-юми июли соли 1989 Қонуни забон қабул гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмӣ ва давлатӣ сарнавиштсоз гардид. Аслан талошу сайъу кӯшиши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шуруи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзуъ дар матбуоти кишвар сар зад. (1) Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шурои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар баробари густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд.