БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАВЛАТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи забон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 чорабинии тантанави таҳти унвони “Забони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллист” баргузор карда шуд.Дар чорабини сараввал директори муассисаи мазкур устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи забон тарику таҳният намуда, кайд карданд, ки Забон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ сайру таърихи тӯлонӣ дорад. Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон- забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди ҳамагуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд. Аз таърих огаҳӣ дорем, ки дар тули садсолаҳо забони давлатдорӣ ва коргузории давлатҳои турктабори ғазнавиёну салҷуқиён, қарахониёну хоразмшоҳиён, империяҳои бузурги муғулии чағатоиёну темуриён ва туркони усмонӣ, шайбониёну аштархониҳо ва манғитиҳо забони форсӣ- тоҷикӣ буд. Ин ки аксари сулолаву давлатдориҳои фавқуззикр забони форсиро забони ягонаи давлатии худ ҳисобида, марказҳои илмиву адабии дарбор ва замони салтанати худро аз ҳисоби шоиру олимон ва ҳакимони тоҷику форсзабон зебу орои илмиву маърифатӣ медоданд, далели бебаҳс аст.Баъд аз маърӯзаи директори муассиса хонандагон ва устодони дигар низ бо маърузаҳои пурмазмуни худ оид ба қадру манзалати забони тоҷики суханронӣ намуданд.