ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи забон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ҷамомад хонандагону омузгорони муассисаи мазкур бо маърузаҳои худ дар назди ҳозирин баромад намудан. Сараввал Директори мактаби №6 Маҳмудов Сайхуҷа ҳозиринро бо Рӯзи забони давлати табрику муборкбод намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии миллии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар қарор дорад, ин ба мақоми забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст. Яъне, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ бо назардошти иҷрои моддаи 10 «Забони илм»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» уҳдадор карда шуданд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Тавре дар банди якуми моддаи мазкур дарҷ гардидааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст».Сипас хонандагон дар васфи забони давлатӣ шеърхонӣ намуданд.