СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №13

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо маром рафта истодааст. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амалиёти “Мактаби ман” сокинон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин мактаб роҳандозӣ шуда, истодааст. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз наздик шинос шуданд. Айни замон корҳои сохтмони дар дохили бино бо маром идома доранд. Шумои синфхонаҳои сохташаванда 4 ададро ташкил медиҳад. Барои дар сатҳи зарури анҷом додани корҳо масолеҳи сохтмони омода мебошад. Дар кори сохтмон мутахассисони маҳалӣ ҷалб карда шудаанд.