ОМОДАГИҲО БО ФАСЛИ ЗАМИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маориф соҳаи афзалиятнок буда, ҳамеша мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат наврасону ҷавононро ояндаи миллат шуморида, барои тарбияи насли наврас шароитҳои хуб фароҳам оварда, дастгирӣ мекунанд.Баробари фаро расидани фасли тирамоҳ, пеш аз ҳама, диққати масъулини маорифи ноҳия баҳри захираи маводи сӯхт дар муассисаҳои таълимиву томактабӣ нигаронида шуда, омодагӣ ба фасли сармо мавзӯи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи омодагӣ ба фасли сармои имсола дар ноҳияи Фархор масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” аз муассисаи таълимии №11 дидан намуданд. Маълум гарш, ки муассисаи мазкур ба давраи замистони имсола омода буда ба қадри кофи маводи сухт дар анбор ҷамоварӣ намуда аст.