БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 02.10.2023 бо мақсади тозаву озода намудани маҳали зист ва гирду атроф бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фархор дар назди биноҳои маъмурӣ ва шоҳроҳи ноҳия шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Дар ин рӯз масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 аъзоёни фаъоли ҳизбӣ барои тоза намудани гирду атрофи муассисаи таълимӣ аз алафҳои бегона ва нарм кардани бехҳои дарахтон ва сафед намудани онҳо камари ҳимат бастанд.