САНГФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсии ҷомеаи кишвар дар доираи татбиқи бахшҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолони ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаҳо корҳои бунёдкориро вусъат бахшидаистодааст.Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сангфаршкунии роҳи байни деҳаҳо ва маҳаллаҳо идома доданд. Дар ин корҳои хайру савоб саҳми соҳибкорон ва сокинони ноҳия бениҳоят назарас буда алакай дар масофаи зиёда аз 7 км роҳҳои байни маҳалларо сангфарш намуданд.  Муносиби тазакур аст, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамдастӣ бо дигар фаъолони ҳизби дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома бахшида мешавад.