ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР ДЕҲАИ СОМОНИЁН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода, ҳамзамон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурию ҷойҳои корӣ ва шоҳроҳи асосии ноҳия ҳашарҳои дастаҷаъмона дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида  шуда истодаанд..Ҷунин ҳашари дастаҷаъмона бо ташаббуси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар шоҳроҳи ноҳия, ки аз Ҷамоати деҳоти Зафар мегузарад ва тариқи он ба ноҳия меҳмонони зиёд ворид мегардад гузаронида шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона гирду атроф ва ду паҳлуи шоҳроҳ тозаву озода карда шуда, бехи дарахтонро нарм карданд.