РОҲҲОИ ДОХИЛӢ МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраки деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ бо маром идома дорад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ аз кӯҷаи Восеъ то А. Ҳасанови шаҳрак ҷараён дорад. Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” дар ин кор фаъолона иштирок намуда, айни замон корҳои тахту ҳамвор намудани роҳ бо маром ҷаваён дорад. Ёдовар мешавем, ки таъмири ҷории роҳҳои дохили Ҷамоат бо суръат ҷараён дошта, беш аз 10 км роҳи дохилии Ҷамоати шаҳрак мумфарш карда шудааст.