КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дирӯз ҷиҳати иҷори дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳия Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба доир намудани корҳои ободони дар ҳудуди ноҳия масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар минтақаи ба онҳо вобастбудаи шоҳрои асосии ноҳия шанбегии умумӣ бо иштироки омӯзгорон хонандагон баргузор намуданд. Хонандагону омӯзгорон аввал ду паҳлуи роҳро аз хору хас тоза намуда, бехи дарахтонро нарм кардан даридома гирду атрофро аз партову коғазпораҳои нолозим пок намуданд.