САҲМИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР КАРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо корбарии вакили Маҷлиси вакилони халки ноҳияи Фархор, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Ятимова Рухшона корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса идома доранд.Дар муасссиа мазкур бо дастгирӣ ва саҳмгузории хатмкунандагони сину соли гуногун дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” сохтмони синфхонаҳои иловагӣ рафта истодааст. Дар ҳоли ҳозир бинои синфхонаҳо ба пурагӣ омода шуда, корҳои васлу насби дару тирезаҳои пластики бо маром идома доранд истодаанд. Ногуфта наммонд, ки  масъулин бо панҷараҳои оҳанин атрофи муассисаро махкам намудаанд. Корҳои сохтмони дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози шуда истодааст.