БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати баргузории ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳия омузгорон ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар минтақаи ба онҳо вобастшуда шамбегӣ гузарониданд.Хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур асосан дар ин шамбегӣ замини паҳлуи роҳи марказии ноҳияро нарм намуда, гирду атрофи онро аз ҳама гуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 80 нафар иштирок намуда, минтақаи ба онҳо вобастшударо тозаву хуррам ва ба ободонии он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳр, ободу зебо нигоҳ доштани атроф ва сабзазоркунӣ амалӣ гардиданд.