ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР ҲУДУДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии оид ба баргузории шамбегиҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия  бо ҷалби фаъолони ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи муассисаро тозаву озода намуда, бехҳои дарахтонро нарм ва сафед карданд, роҳравҳоро рубучин намуда, гулҳои ороиширо ба тартиб дароварданд.