СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ №12

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Назирӣ Зариф дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 оғоз шуданд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст ва ҳамзамон дар доираи амалиёти “Мактаби ман” сокинон ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ мақсад доранд, ки дар ин кори созанда кумаки худро расонанд.