ЗАМИН ДЕҲҚОНРО ҲАМ МЕХУРОНАД ҲАМ МЕПУШОНАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаю ватанпарастонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти самарнок истифода бурдани замин, истеҳсоли маводи ғизоии кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, инчунин амалӣ гардидани тадбирҳо ҷиҳати тарбияи ҳарби ватандӯстии шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд ва ин навбат аз ҷониби  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти Фархор чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуда, мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки  татбиқи  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  самаранок истифода бурдани заминҳои корам ба манфиати мо шаҳрвандон буда, агар мо заминҳои дар ихтиёрдоштаамонро  мақсаднок истифода барем замин моро ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад.