ШАРОИТИ АРЗАНДА БАРОИ ТАЪЛИМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ҳануз охирҳои соли 2021 оғоз шуда будунд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур бо маблағгузории Ҳукмати мамлокат ва саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст. Айни замон бинои синфхонаҳои иловагӣ ба пурраги омода буда, корҳои ободонӣ ва кабудизаркуни дар саҳни бино бо маром идома дорад.