АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” АМАЛӢ МЕГАРДАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирӣ ва саҳми бевоситаи аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода имрӯзҳо дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят, дар муассисаҳои корзои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Дар доираи ин амалиёт Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №54-и деҳаи Меҳровар бо маблағҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз 2 синфхонаи иловагӣ ва утоқи кории директори муассиса сохта шуда дар арафаи анҷомёбист.