ИДОМАИ ҲАШАРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини Муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ оид ба баргузории ҳашарҳои ободонӣ дар корхонаву идораҳо ва қитаҳои алоҳидаи ба ташкилоту муассисаҳо вобастшуда ба ҷалби фаъолони ҳизбӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи муассиса ва ду тарафи роҳи автомобилгардро аз алафҳои бегона ва хору хас тозаву озода намуда, бехҳои дарахтон нармкарданд.