ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси дастуру супоришҳои аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории ҳашару шанбегиҳо дар ҳудудиноҳия махсусан қад – қади шоҳроҳи асосии ноҳияи Фархор масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шоҳроҳи асосии ноҳия воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хутан корҳои тозаю озода намудани паҳлуҳои шоҳроҳро роҳандозӣ намуданд. Устодону хонандагон ва дигар аъзои фаъоли ҲХДТ дар ин рӯз ду тарафи шоҳроҳро аз алафҳои бегона ва хору хас тоза намуда, бехи дарахтонро нарм карданд.