ҲАШАРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории шамбегиҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ва колеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия дар мактаби №27 бо ҷалби фаъолони ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи муассисаро тозаву озода намуда, бехҳои дарахтонро нарм, роҳравҳоро рубучин, гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабзро батартиб дароварда, ҷуйборҳоро аз тагшинҳо тоза намуданд  тоза намуданд.