БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 16.09.2023 бо мақсади тозаву озода намудани коргоҳ ва маҳали зист бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Фархор  дар назди биноҳои маъмурӣ  шанбегӣ  дастаҷамъона баргузор карда шуд. Дар ин рӯз масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аъзоёни фаъоли ҳизбӣ барои тоза намудани гирду атрофи биноҳои маъмури аз алафҳои бегона ва нарм кардани бехҳои дарахтону гулҳои ороишии назди биноҳои корӣ камари ҳимат баста, инчунин дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои хиёбону роҳравҳоро сероб намуданд.  Минбаъд корҳои чунин корҳои ободониб созандагӣ идома дода мешавад, ки баҳри тозагию ободонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.