АНҶОМИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 соли 2022 оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи мазкур бо ҷалби сармояи берунӣ ва саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда, айни замон дар арафи анҷомёбист. Барои идома додани корҳои дигари сохтмонӣ масолеҳи сохтмонӣ омода мебошад.