ДАР АМАЛ ТАДБИҚ НАУДАНИ АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирӣ ва саҳми бевоситаи аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода имрӯзҳо дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят, дар муассисаҳое, ки мушкилии синфхона ва ҷои нишаст дошатанд, оҳиста оҳиста бартараф карда шудаистодаанд. Яке аз чунин муассисаҳо ин Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №54-и  деҳаи Меҳровар мебошад, ки айни замон сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ ва утоқи кории директори муассиса дар арафаи анҷомёбист. Корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расонида истодаанд. Мақсад доранд, ки то рӯзҳои наздик бинои мазкурро ба истифода диҳанд.