ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазоранти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” ва ҳамзамон бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси ноҳияи Фархор ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Истиқлол сохтмони синфхонаҳои иловагб дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57, ки иборат аз 4 синфхона мебошад, кор бо маром рафта истодааст.Айни замон бинои синфхонаҳо ба пурагӣ омода буда, сохтмончиён дар рузҳои наздик ба насби дару тирезаҳо шурӯъ менамоянд.