КОРМАНДОНИ ҲИЗБ ДАР ҲАШАРҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳамзамон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба истиқболи сазовор аз ҷашнҳои дарпешистода, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои ободониро дар қитъаи ба онҳо вобастшуда доир намуданд.Қитъаи вобастшада дар шоҳроҳи асосии ноҳия ҷойгир буда, кормандон ҳизбӣ дар он замини ду тарафи роҳро нарм намуда, партовҳои ҷамшударо тариқи техникаи зарурӣ бардоштанд. Ҳамзамон, дар ин корҳои ободони сокинони ноҳия, ки хонаҳои истиқоматиашон дар сари роҳ қарор дорад дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроия ҳамроҳ шуда кумаки худро расониданд.