ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚА ҚАДРДОНИ КАРДА ШУДАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурби дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маросими қадрдонии ғолибони мусобиқи варзишӣ аз руи намуди шашкаю шоҳмот миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида бо 32 – солагии Истиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ин рӯз ғолибони даврҳои алоҳидаи мусобиқа аз муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъоварда шуда дар маросими тантанави бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон мавсуф мийни иштирокчиён оид ба моҳияти мусобиқаи баргузоршуда суханронӣ намуда иброз доштанд, ки шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд.Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.