КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БОҒЧАИ №3

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғчаи №3 –и ноҳияи Фархор корҳои сохтмону азнавсозӣ оғоз гардидааст. Маъулин мақсад доранд, ки бо дастгирии Ҳукмати мамлакат ҳамаи синфхонаҳои Боғчаи мазкурро аз таъмири ҷори бароварда дару тирезаҳоро аз навсозӣ намоянд. Ҳамзамон боми бинои муассиса, ки солиёни дароз таъмир нашуда буд ба пуррагӣ аз нав карда мешавад.Корҳои ободонб дар Боғчаи мазкур дар дораи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи маориф ва махсусан тарбияи насли наврас таваҷуҳи беандоза доранд роҳандозӣ шуда аст.