ИДОМАИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода корҳои сохтмони синфхоназои иловагӣ рафта истодаанд.Корҳои сохтмони синфхонаҳои иловаги ба истиболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози шудааст, ки то имрӯз алакай 60% корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин корҳои ободони саҳми хатмкунадагони сину соли гуногуни ин даргоҳи илму маърифат назаррас аст. Онҳо дар доираи Амалиёти муштараки ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби ман” саҳми худро гузошта истодаанд.